Мизи мудаввар бахшида ба таъсисёбии ҲХДТ

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар толори маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 23-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва пешрафти корҳои созандагию бунёдкорӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Хонов А.-Роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Абдураҳимова Д.Ҳ.-муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода З.-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Саидов Ҷ.Ҳ.-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлазода Д.-муовини шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Алиева З.А.-собиқадори ҳизб, Асозода М-собиқадори ҳизб иштирок карда, суханронӣ намуданд.

Масъулин дар баромадашон қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон он неруи сиёсии кишварамон аст, ки дар заминаи ҳамин ғояҳои созандаву ваҳдатофарин ба майдон омадааст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби даврони истиқлолият, ҳизби марҳилаи нави бунёди ҷомеаи демократӣ, яъне Ҳизби зодаи истқлолият мебошад. Дар фарҷоми чорабинӣ ба 23 нафар кормандони корхонаи фаръии таъминоти моддии «Тоҷикэнергоснаб», ки дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ шомил шуданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s