Президент ё командири Фронти Халқӣ

Суханрониҳои Раҳмонро зиёд гӯш намекардаму намекунам. Зеро ҳамеша тақрибан медонам, ки чӣ мегуяд.

Ибораҳои “хоҷагони хориҷӣ”, “хоинони миллат”, “ҷинояткорон”, “ифротгароӣ”, Экстремизм” ва чанд ибораи дигар асоси суханрониҳо ӯро ташкил медиҳанд. Ба изофаи чанд ваъдаи ҳамешагӣ, худтаърифкунӣ, шукрона кардан, ва тавсиф аз гулгулшукуфии Тоҷикистон.

Аммо ба ин ҳад поин рафтани як президентро дигар интизор надоштам. Дар қасри Арбоб ҳангоми суханрониаш Раҳмон ҳамон раҳмони соли 92 буд. На ҳамчун президент, балки ҳамчун як командири фронти халқӣ баромад кард. Агар чӣ ӯ аз ибтидо кинаву нафрат нисбат ба мухолифонашро дар дилаш мепарварид, вале то ин ҳад аз доираи фарҳанги сиёсӣ хориҷ шуданашро дигар чашмдошт набудам.

Касе, ки бо ҳавопаймои кишвари бегона ба ин қаср оварда шуда буд ва танҳо иҷрокунандаи амру тасмими як гурӯҳи ғайритоҷик буд, худашро “Робин Гуд” муаррифӣ мекунаду наҷотдиҳандаи миллат нишон медиҳад.

Ман аз хонанда ва тарафдорони ин “нобиғаи бемонанд” чанд суол мепурсам.

  1. Раҳмон ба ин сессия аз куҷо оварда шуд?
  2. Ташкилкунандагони ин сессия киҳо буданд?
  3. Сарбозоне, ки ин қасрро дар он рӯзи тақдирсӯз ба ӯҳда доштанд кӣ буданд?
  4. Чаро маҳз дар ҳамин шабу рӯз Ҷиёнхон Ризоев кушта шуд?
  5. Фронти Халқӣ ба муқобили кӣ меҷангид?
  6. Магар дар Душанбе Ҳукумати Муросои Миллӣ амал намекард?
  7. Оё шумо бар зидди Ҳукумати Муросои Миллӣ намеҷангидед?
  8. Магар машваратҳои депутатҳои тарафдори Фронти Халқӣ дар кишвари ҳамсоя бо кӣ ва барои чӣ анҷом шуданд? Оё онҳо хоҷагони дохилии шумо буданд?
  9. Қадриддин Аслоновро кӣ ва барои чӣ ба қатл расонд?
  10. Ба чӣ далел роҳбари як кишвари ҳамсояро падари миллати тоҷик унвон кардед?
  11. Пас аз раиси Шӯрои Олӣ шуданатон минтақаҳои Бадахшон ва Қаротегинро бо хоҳиши шумо ҳавопаймоҳои кӣ бомбаборон кард?
  12. Рустами Абдураҳим ва Кенҷаев аз куҷо ва бо сарбозони кадом кишвар ба Душанбе ҳамла карданд?
  13. Мардуми вилояти Қурғонтеппаро дар он шабу рӯз ҳангоми гузаштан аз дарёи Ому кӣ тирборон мекард?
  14. Хонаҳои мардумро дар вилояти Қурғонтеппа кӣ оташ зад?
  15. Аслан кӣ ба сари ҳукумати марказӣ лашкар кашид?
  16. Магар Фронти Халқӣ набуд, ки ба сари мардум лашкар кашид?
  17. Магар Фронти Халқӣ барои истиқлолият мубориза мебурд ё барқарории СССР?

Ин саволҳоро мардум ҷавобашро медонанд. Насли нав ҳам хоҳанд фаҳмид. Зеро то ҳол шоҳидони айнии он ҳодисаҳо зиндаанд. Ҳатман онҳо низ сухани худро хоҳанд гуфт.

Раҳмон медонад, ки ҳаргиз қаҳрамони миллат шуда наметавонад. Ҳаргиз пешво буда наметавонад. Касе, ки ба як қисми миллати худаш душманӣ меварзад, онҳоро овораи кишвари бегона мекунаду аз ҳисоби ғулом кардани онҳо тамоми авлоду хонаводаи худашро соҳиби мансабу молу сарват мекунад ҳаргиз пешвои миллат шуда наметавонад.

Касе, ки мисли роҳзан аз роҳи мардум пул мегираду ба ҳисобҳои бонкиаш дар хориҷ мефиристад, ҳаргиз пешвои миллат шуда наметавонад.

Касе, ки тамоми мансабҳоро ба фарзандону домодҳову хоҳарзодаву бародарзодаҳояш медиҳад ҳаргиз пешво шуда наметавонад.

Касе, ки ба мардум иҷозати интихоб кардан ё интихоб шудани озодро намедиҳад, ҳаргиз пешво шуда наметавонад.

Касе, ки худашро болотару донотар аз ҳамаи миллат медонаду ҳеҷ касеро аз 8 миллион сазовори ҷои худаш намедонад, ҳаргиз пешво шуда наметавонад.

Аммо дар қасри Арбоб на президенти як кишвар, балки як командири Фронти Халқӣ баромад кард, ки фикр мекунад ғолиб омадааст. Командире, ки дар асл ғолиб нест, балки ба сулҳ хиёнат кардааст.  Баъди хиёнат ба сулҳ ин командир эҳсоси пирӯзӣ карда истодааст ва ҳамчун ғолиб суханронӣ мекунад, на ҳамчун Президенти як кишвар.

 

Сомони Раҳмон, сокини шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s