Сӯҳробе, ки Рустамаш берун аз майдон кушт (бо қалами раиси ҲНИТ)

Имрӯз се сол мешавад, ки Сӯҳроб Шарипов оламро падрӯд гуфт. Агар Худованд риштаи умрро канда намекард, Сӯҳроб имсол  55 сола мешуд. Умре, ки барои як олим ва сиёсатмадор авҷи  камолот ва пухтагии фикру таҷриба аст.

Аммо бо вуҷуди умри кӯтоҳ, Суҳроб аз худ зиёд монд. Агар касе фикр кунад, ки ‘’чизи зиёд’’—и Сӯҳроби олим ва сиёсатшинос ҳатман бояд даҳҳо ҷилд китобу садҳо мақолаи илмӣ бошанд, хато мекунад. Аз ӯ китобу мақолаҳо кам нестанд, аммо мероси асосии ӯ,  аз нигоҳи ин тараф, ҷасорату қолабшиканиаш буд, ки гоҳо дар мақолаҳо, гоҳо дар мусоҳабаҳо ва гоҳо дар рафтору мавқеъгириҳояш падидор мегаштанд. Ӯ як намунаи хуби чигуна шаҳрванд ва ё  тоҷикистони буданро пеш аз ҳама ба мо мерос гузошт.  Масъалае, ки имрузҳо мавзуъи доғи маҳфилҳои сиёси ва фикрии кишвар гаштааст ва ҳар кас бо диди худ мехоҳад  ‘’хамири идеологии ‘’  шаҳрванди ормонии ояндаро бишурад. Бехабар аз он, ки ин ‘’одамакҳои’’ дар ошхонаи идеологӣ ба таври сунъӣ пӯхташуда ва роботмонанд чӣ балоеро ба сари миллату кишвар хоҳанд овард. Айнан ҳамон чизе, ки Сӯҳроб шадидан мухолифаш буд ва эҷоди як идеологияи навро дар муқобили анъана, боварҳо ва арзишҳои таърихан шаклгирифта на танҳо кори бесамар, балки, миллатшикан медонист. Ӯ бовар дошт, ки миллат ба арзишҳо ва нигоҳҳои наву пешрафта ниёз дорад, аммо ин арзишҳои нав бояд такмилкунанда ва ислоҳкунандаи арзишҳои милливу динии мардум бошанд, на инкоркунандаи онҳо. Ва бо рафтору андешааш намунаи чунин будану карданро боқӣ гузошт.

Сӯҳроб нишон дод, ки олим бояд дар ҳама ҳолат олим бимонад. Илмро қурбони сиёсат накунад ва ё дар хидмати сиёсат нагузорад.  Ӯ талош мекард, ки сиёсатро илмӣ кунад, на илмро сиёсӣ. Ӯ нишон дод, ки як мансабдори давлатӣ метавонад  ҳамзамон виҷдону инсофашро ҳам ҳифз кунад. Вакте як олим  мансаби ҳукумати ё мақоми ҳизбӣ мегирад, набояд  манфиатҳои гурӯҳӣ ва шахсӣ болои андешаву хулосаҳои ӯ ҳамчун олим соя афканад. Ӯ тавонист байни Сӯҳроби олиму равшанфикр ва Сӯҳроби мансабдору сиёсатмадор тавозуни мантиқӣ ба вуҷуд биёрад, ки аз илмаш ба нафъи сохтори давлатӣ ва миллат истифода кунад ва аз мақоми давлатиаш ба нафъи илму андеша. Ва ин корро холисона ҳам мекард ва эътиқод ҳам дошт, ки бояд рафтори як олими мансабдор чунин бошад. На он чизе, ки имрӯз мо дар рафтори олимони мансабдори кишвар мебинем. Ин буд, ки ӯ табдил ба як олим ва ҳамзамон як мақомдори мунҳасир ба фард шуда буд. Ин аст, ки мо имрӯз аз ӯ ёд мекунем, чун  ниёз ба Сӯҳроб ва Сӯҳробҳои дигар дорем.

Хеле душвор аст ҳамаи фикрҳо ва андешаҳои Сӯҳробро дар як навиштаи кӯтоҳ ҷо кард. Ин корро бояд мутахассисон ва онҳое, ки ба таҳқиқи андешаи миллӣ дар ин даврон машғуланд, анҷом диҳанд. Чун бе таҳлилу таҳқиқи андешаҳои Сӯҳроб Шарипов хулосагирӣ дар бораи андешаи миллии тоҷикон дар ин марҳалаи таърих нокомил хоҳанд буд. Аммо он чизе, ки инҷо гуфта мешавад, мушоҳидаҳои ин тараф аз кору фаъолиятҳо ва андешаҳои Сӯҳроб Шарипов аст, ки бо хоҳиши дӯстон менависам.

Даъвои онро надорам, ки Сӯҳробро аз дигарон беҳтар шинохтаам ва дар бораи ӯ беҳтар медонам. Ҳатман ҳастанд дӯстоне, ки бо Сӯҳроб дар ин ё он лаҳзаи зиндагиаш бештар наздик будаанд. Ӯ ки дар идораву чойгоҳи гуногун кор кардааст ва ҳатман ҳамкорону дӯстони зиёде дошт, ки бо онҳо гуфтугӯ мекард, мавзӯъҳои гуногунро баҳс мекард. Аммо собиқаи шиносоии беш аз 15-сола, нишастҳо, баҳсҳо, сафарҳои зиёди хориҷиву дохилии ҳамроҳ ва билохира рақибиву дӯстии ҳамзамон бо ӯ ин ҳакро ба мо медиҳад, то  бигӯям фикру андешаҳои ӯро, шахсияташро то ҷое шинохтаам.

Бешак, Сӯҳробро ки 15  сол кабл мешинохтам ва ҳатто 10 сол қабл медидам, аз Сӯҳроби солҳои ахир фарк мекард.  Шиносоии мо аз нашри мақолаи ӯ дар яке аз ҳафтаномаҳои русзабон оғоз гашт, ки онҷо таҳлили вазъи сиёсии кишварро дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2000-ум карда буд.  Дар як нишаст ба ӯ назарамро дар бораи мақолааш гуфтам ва қисме аз хулосаҳояшро рад кардам. Оромона гуфт, ки он назари ман аст, ин назари шумо. Аз онҷо шиносоӣ ва баҳсу сӯҳбатҳои мо бо ӯ оғоз гашт.

Ҳангоми кор дар дастгоҳи Президенти Тоҷикистон ва баъдан дар Маркази тахқиқоти стратегӣ бо Сӯҳроб бештар ҳамчун ду сиёсатшинос ва гоҳо ду рақиби идеологи ( динӣ —дунявӣ) баҳсу гуфтугӯ мекардем. Шояд  гоҳо тунд мегуфтем, аммо дар умум тафоҳумҳое доштем.  Ӯ як инсони омода ва боз барои ҳамкорӣ буд. Вақте ки ба ӯ тариқи як конфронси муштарак дар мавзӯъи истифода аз андешаҳои мӯътадили миллӣ ва мазҳабӣ барои пешгирӣ аз ифротгароиро пешниҳод кардам, зуд пазируфт. Ман як гурӯҳро аз ҳизб ва ӯ як гурӯҳро аз Марказ муайян кардем, то ин конфронси муштараки илмиро омода кунанд ва он ҳамчун таҷрибаи аввал баргузор гашт.

Ӯ метавонист масъулиятро ба дӯш бигирад ва ҳар коре, ки ба нафъи миллат ва давлат мебуд, онро анҷом медод. Ба масъала идеологӣ ва ҳизбӣ нигоҳ намекард. Мегуфт, ки ман шуморо аз лиҳози чаҳонбинии шахсиам қабул надорам, аммо, шумо ҷузъи миллат хастед ва мо бояд шуморо эътироф кунем ва ҳамкорӣ дошта бошем. Ва гоҳо нороҳат мешуд, ки чаро дар дигар идораҳо инро намефаҳманд ва масъаларо ҳамеша ‘’худиву бегона’’ мебинанд.

Сӯҳроб он солҳо як миллатдӯсти ормонгаро ва як маъмури вафодор ва мухлисро мемонд. Ба ҳукумати вақт ва роҳбарият бовар ва эътимод дошт. Фикр мекард, ки ба роҳбарият танҳо доштани идея ва тарҳҳои хубӣ миллӣ намерасад ва агар касе онро пешниҳод кунад, ҳам хуб пазируфта мешавад ва ҳам пуштибонӣ хоҳад шуд. Чун инсони самимӣ буд, фикр мекард, ки ҳар фикру тарҳи миллӣ дар боло самимона пазируфта хоҳад шуд. Эътикод дошт, ки хамин ҳукумати мавҷударо бо вуҷуди ҳама камбудиҳояш метавон аз дохил ислоҳ кард ва танҳо фикру пешниходҳои хуб лозим. Ва то чанд соли охир ба ҳамин фикр монд ва ҳама талошашро мекард. Охирин кораш барои ‘’таъмиру ислоҳи’’ ҳукумат аз дохил, анчоми як тахкикоти илмӣ дар бораи вазъи коррупсия дар ниходхои давлатӣ буд. Натичаи таҳқиқотро ба мақомоти давлатӣ пешниҳод кард ва нишон дод, ки кадом сохтор ба чӣ ҳад фасодзада аст. Ба ибораи дигар, ӯ ба ҳукуматдорон кӣ ва чӣ буданашонро  бо забони факт ва далел нишон дод.  Ва он ҳам бе дахолати хориҷиҳо ва аз тарафи як идда муҳаққиқони ватандӯст, ки дар ‘’мағзи’’ ҳукумат кор мекунанд. Чун, ҳукуматдорон ҳамеша гузоришҳои созмонҳои хориҷӣ ва иддаъои ҳизби ҳаракатҳои мухолифинро дар бораи фасодзадагии ҳукумат ҳамчун даъвоҳои ғаразнок ва беассос рад мекарданд. Аммо таҳқиқоти Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президент дигар на дастури кадом ҳизби сиёси буду на кадом ‘’хоҷагони хориҷӣ’’ дастур медод.  Сӯҳроб бовар дошт, ки ин кӯмаки бузург ба миллату давлат аст ва ҳатман роҳбарият аз ӯ пуштибонӣ хоҳад кард. Аммо, ба Суҳроб нишон доданд, ки зиёдаравӣ накунад.   Ва ӯро ба Парлумон ‘’гусел’’ карданд.

Сӯҳроб сигоркаширо бас карда буд солҳои охир. Дар парлумон боз сигоркаш шуд. Мо дар Кумитаи равобити байналмиллалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва матбуот якҷоя кор мекардем. Дарҳои утоқҳои кориамон дақиқан муқобили якдигар буд. Кам буд рӯзе, ки  назди у надароям ё ӯ пеши ман наояд. Ӯ ҳамеша каҳва дошт  дар утоқаш, ман ҳамеша чой. Хумори каҳва мегирифт, назди ӯ мерафтам, ӯ чой мехост, пеши ман меомад. Дар ҳама мавзӯъҳо сӯҳбат мекардем, аз эътиқод ба Худо сар карда, то сиёсату иқтисод. Дигар он Сӯҳроби моломол аз идея ва энтузиазм набуд. Ҳанӯз ҳам ба имконияти ислоҳи ҳукумат аз дохил бовар дошт, аммо на ба он боварии пешина. Бештар мегуфт, ки фурсатҳои хубро аз даст додем ва ҳанӯз ҳам дорем медиҳем. Албатта, ин хулосаҳои солҳои аввали кораш дар парлумон буд. Хулосаҳои солҳои ахирашро бо далелҳое нахоҳам гуфт.

Ӯ ҳамчун андешаманд ва олим қолабшикан буд, аммо ҳамчун сиёсатмадор коидаҳои бозиро хуб мешинохт ва риоят мекард. Вақте ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ҷашни 40 солагии ҳизб даъват кардам, қисме изхор карданд, ки ширкат мекунанд. Аз ҷумла Сӯҳроб. Чун он солҳо оғози иҷроиши протоколи 32/ 20 буд, ҳанӯз ҳама дарк накарда буданд, ки ҳукумат нисбати ҲНИТ чӣ сиёсати наверо пеш гирифтааст. Пас аз гирифтани дастуроти лозима  аз боло, ҳамкорон яке паси дигар узрхоҳӣ карданд, ки ширкат карда наметавонанд. Магар Сӯҳроб. Як рӯз кабл аз ҷашн ба ӯ гуфтам, ки ҳама вакилон бо ҳар бахона намераванд, рафтани  худат метавонад мушкилсоз шавад бароят. Агар наравӣ ман дарк мекунам. Ӯ гуфт, ки бо ӯ хам суҳбат шудааст, вале чун ваъда додам меравам. ‘’Аввалаш ин, ки ягон қонун ва ҳатто, дастурамали хаттии ҳизби мо нест, ки дар чорабинии як ҳизби дигари кившар ширкат накунам. Пас ман қонун ва санадҳои дохилии ҳизбамро поймол накардаам. Сониян, шумо як ҳизби қонунӣ ва ҳамватани мо ҳастед. Ин чи хел ватандори аст, ки мо аз якдигар гурезем? Чи хел ваҳдат аст?  Агар ба касе шумо маъқул нестед, мушкилии шахсии худаш аст, ба ман рабт надорад’’. На танҳо омад, балки суханрони ҳам кард дар маросим. Худаш баъдан чизе нагуфт, аммо, шунидам, ки сӯҳбатҳои ҷидди ҳамроҳаш кардаанд баъди ин ширкат. Вале ӯ мавқеъи худро дифоъ кардааст ва гуфтааст, ки рӯзе манъ кардед ин ҳизбро, робитаамро меканам. Аммо, онҳо имрӯз як ҳизби қонунӣ ва ҳамватани мо ҳастанд.

Соли 2015 чорабинии дигаре доштем ва ба ӯ гуфтам, ки дигар даъватат намекунам. Гуфт даъват ҳам кунӣ дигар намеравам, чун вазъият атрофи ҳизби шумо  аз соли 2013 фарқ мекунад ва рафтан ба маънои мухолафат ба мавқеъи расмии ҳукумат шинохта мешавад. Ва дуруст ҳам мегуфт.

Қабл аз интихобот рӯзе ба утоки кориам омад ва пурсид, ки дар ноҳияи Шоҳмансур кӣ аз мо номзад мешавад. Гуфтам, ки эҳтимол дорад духтари Устод Нурӣ — Руқия. Гуфт: Хуб аст. Вале маро боз аз ҳамонҷо вакил мекунанд. Зиқ нашав.

Сӯҳроб ибораи ‘’зиқ нашав’’—ро зиёд истифода мекард. Ҳам дар ҳолати шухӣ ва хам вақте ки худаш зиқ буд. Зоҳиран дигаронро мегуфт ‘’зиқ нашав’’, вале бештар ба худаш рабт дошт ва худро тасаллӣ медод. Ҳамчунин, ба ибораи ‘’аз ин лиҳоз’’ сахт часпида буд, ки бо аксенти русии ӯ хеле намакин садо медод.

Табиатан хеле шӯх буд ва аз истифодаи латифаҳои сиёсӣ ва ё шӯхиҳои сиёсии маънидор парҳез намекард. Яке аз ин шӯхиҳояшро ҳамкоронаш аз дастгоҳи Президент ва ҳизби ҳоким боре хеле ҷиддӣ фахмиданд. Ҳамроҳ дар як конфронси байналмиллалӣ дар Маскав  будем ва ҳайати кишвар муштарак аз мақомоти давлатӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ буд. Бегоҳ дар меҳмонхона бо дигар аъзои ҳайат машғули бозии билярд будем, ки Сӯҳроб ҳамроҳи марҳум Акбари Саттор вориди толор шуданд. Натичаи бозиҳоро пурсид ва якбора бо қиефаи ҷиддӣ гуфт: ‘’Оё мумкин аст ба оппозитсия ҳамаатон бозиро бозед? Кани зиракии сиёсии шумо?’’. Сӯҳроб он вақт ёвари Президент кор мекард. Акбар, ки аз Сӯҳроб шӯхтар буд, бо услуби хоси худ масъаларо боз ҷиддитар кард. Ӯ бо таъаасуф сар меҷумбонд ва мегуфт ‘’Бачаҳо, кори хуб намешавад…’’. Масъала то ҳаде сиёсӣ ва ҷиддӣ шуд, ки маҷбур бозиро нотамом мондем ва ба гуфти раҳматии  Акбар ‘’ваҳдати миллиро ҳифз кардем’’. Яке аз аъзои ҳайат баъдан ишора кард, ки ‘’тасаввур кунед, агар бозии билярд ин кадар сиёсӣ шавад, интихоботро ин бачаҳо бой диҳанд чӣ кор мекунанд?’’.

Сӯҳробро ҳамсафонаш на ҳарфи  ҷиддиашро хуб фаҳмиданд на шӯхиашро.

Сӯҳроб дар бораи дин ва тафаккури динӣ хеле мутолиъа дошт ва мо зиёд баҳс мекардем. Муносибати шахсиаш ба динро ҳам аз касе пинҳон намекард. Аммо ба дину диндорон  камтарин хусумат надошт. Таҳқир, киноя ва тамасхурро ба худ иҷозат намедод. Зеро,  як инсони комилан фарҳангӣ, тарбиятдида ва вораста буд. Зимни яке аз охирин сӯҳбатҳоямон гуфт, ки ҳатто ашадитарин атеист ҳам гоҳе дар бораи Худо фикр мекунад. ‘’Ман ҳам эътироф мекунам, ки ба як нерӯе бовар дорам. Аммо мухолифи он ҳастам, ки инсон бо талқини дигарон роҳ ба сӯйи Худоро пайдо кунад. Ҳар кас бояд роҳи худро ба сӯйи Ӯ дошта бошад. Ва ман ҳам мерасам рӯзе’’.

Дар авҷи маъракаи интихоботӣ аз сафаре баргаштам ва гуфтанд, ки Сӯҳробро оҷилан бистари кардаанд ва вазъаш хеле вазнин асту касе иҷозати ворид шудан ба наздаш надорад. Рӯзи дигар яке аз наздикони марҳум наздам омад ва гуфт, ки Сӯҳроб хостааст шуморо  бубинад. Ба шӯъбаи эҳёгарии Қараболо рафтам, вале духтури навбатдор хеле боэҳтиромона таъкид кард, ки супориш аст касе назди ӯ надарояд. Ин лаҳза ҳамсари Сӯҳроб омад ва ба духтур гуфт, ки Суҳроб худаш ӯро хост бубинад ва духтур ҳам иҷозат дод.

Сӯҳробро дар ҳолати нимбедорӣ ва ё наздик ба беҳушӣ ёфтам. Хеле зард ва беҳол буд. Канда ва паст сӯҳбат мекард ва мехост ҳарчӣ дар дил дорад ҳамон лаҳза бигуяд  ва гуфт….

Вақти худоҳофизӣ ба ӯ гуфтам, ки бароят дуъо мекунам, бихоҳӣ ё нахоҳӣ. Сӯҳроб каме дастамро нигаҳ дошт ва гуфт: ‘’ Майлаш, дуъо кун. Бисёр дуъо кун. Лекин худатро эҳтиёт кун. Зиқ нашав.’’

Ёдат ба хайр дӯстам. Имкон надорад, ки зиқ набошам. Ҳамеша дуъогӯям.

Муҳиддин Кабири

19. 01. 2018.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s